Иштироки ҳайати вилояти Хатлон дар Форуми II агроозуқавории Сибир
Аз 10 то 12 ноябри соли 2026 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Форуми II агроозуқавории Сибир баргузор мегардад, ки дар он ҳайати вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок менамояд.
Тавре ба АИ «Navo» дар хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, форуми мазкур яке аз чорабиниҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ва саноати аграрии минтақаи Сибир ба ҳисоб рафта, барои баррасии масъалаҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар доираи барномаи форум масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои замин, баланд бардоштани ҳосилнокии истеҳсолоти кишоварзӣ, омода намудани мутахассисони соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии корхонаҳои аграрӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Иштироки ҳайати вилояти Хатлон дар ин чорабинии байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои кишоварзӣ, иқтидори содиротӣ ва маҳсулоти аграрии вилоят, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои иштирокчӣ ва густариши робитаҳои судманди ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои форум барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд.
Тегҳо
Инчунин хонед
Иқтисод
Корхонаи ТГЭМ навсозии истгоҳҳои насосӣ ва шабакаҳои обтаъминкуниро ба анҷом расонд
ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) корҳои лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва/ё навсозии хатҳои интиқол ва истгоҳҳои насосии сатҳи сеюм»-ро ба анҷом расонд, хабар доданд ба АИ «Navo» аз ин ширкат.
Иқтисод
Бошқирдистон ният дорад маҳсулоти худро ба бозори Тоҷикистон барорад
Минтақаи Бошқирдистони Федератсияи Русия ният дорад ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо Тоҷикистон густариш дода, маҳсулоти истеҳсолии худро ба бозори кишвар пешниҳод намояд.
Иқтисод
Дар Душанбе беш аз 200 намояндаи хориҷӣ дар Форуми байналмилалии кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон иштирок мекунанд
Форуми сеюми байналмилалии кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 26 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора ба АИ «Navo» аз маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иқтисод
107 санҷиши аудиторӣ – Палатаи ҳисоб аз фаъолияти 10-моҳаи худ натиҷагирӣ кард
Дар 10 моҳи соли равон аз ҷониби Палатаи ҳисоби мамлакат 107 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуда, аз рӯйи натиҷаҳои онҳо 970 тавсия пешниҳод гардид.
Иқтисод
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии саноати ангишт баргузор мешавад
Нахустин Форуми байналмилалии саноати ангишти Тоҷикистон 9 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe доир мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иқтисод
Баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи сеюми соли 2026 баргузор гардид
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаеро оид ба баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Бонки осиёии рушд (БОР) маблағгузорӣ мешаванд, аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2026 баргузор намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатӣ.

