Роҳи деҳаи Шафтолубоғи ноҳияи Фархор бо саҳми сокинони маҳаллӣ мумфарш карда мешавад
Бо дастгирӣ ва иштироки сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Шафтолубоғи ҷамоати деҳоти Фархори ноҳияи Фархор роҳи дарозиаш 4,1 километр мумфарш карда мешавад. Дар ин бора ба АИ «Navo» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор Дилшод Давлаталӣ зимни шиносоӣ бо рафти корҳои мумфаршкунӣ ташаббуси созанда ва саҳми сокинони маҳаллиро дар ободонии деҳа ҳамчун намунаи ҳамдигарфаҳмӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ арзёбӣ намуда, барои ин иқдоми нек ба онҳо изҳори сипос кард.
Ҳамзамон, ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки корҳои мумфаршкуниро бо сифати баланд, мутобиқ ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд.
Тегҳо
Инчунин хонед
Минтақа
Тағйироти кадрӣ дар МИҲД шаҳри Бохтар
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз кадрҳои нави роҳбарикунандаро, ки ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таъин шудаанд, ба ҳузур пазируфт.
Минтақа
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар панҷ соли охир 801 иншоот бунёд гардид
Тибқи лоиҳаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, бо ҷалби 70 миллион евро сармояи хориҷӣ таҷдиди пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва инфрасохтори онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани шароити обёрии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия мебошад.
Минтақа
Дар шаҳри Бохтар таъмири роҳҳо идома дорад
Дар моҳҳои январ – сентябри соли 2026 аз буҷети маҳаллӣ барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои шаҳри Бохтар 143,6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Қитъаҳои осебдида ва чуқуриҳои роҳҳо дар масофаи 2,3 километр таъмир шуда, дар масоҳати 912 метри мураббаъ хатҳои уфуқии роҳ кашида шудаанд. Дар ин бора ба АИ «Navo» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.
Минтақа
Дар шаҳри Бохтар варзишгоҳҳои «Пахтакор» ва «Ҷавонӣ» азнавсозӣ мешаванд
Дар шаҳри Бохтар корҳои азнавсозии варзишгоҳҳои «Пахтакор» ва «Ҷавонӣ», инчунин сохтмони минтақаи қабули меҳмонон идома доранд. Дар ин бора ба АИ «Navo» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.
Минтақа
Меҳмонхонаи «Хуҷанд» пас аз таъмир фаъолияти худро аз нав оғоз кард
Меҳмонхонаи машҳури даврони шуравӣ «Хуҷанд» дар шаҳри Бӯстон пас аз таъмир ва навсозӣ фаъолияти худро аз нав оғоз кард. Дар ин бора ба АИ «Navo» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Минтақа
Дар шаҳри Бӯстон корхонаи «Баҳори Бӯстон» ва зеристгоҳи «Фаровон» ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи «Баҳори Бӯстон» бо хати нави истеҳсоли саққоҳои пӯлодӣ ва зеристгоҳи барқии «Фаровон» бо иқтидори 1600 кВА расман ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба АИ «Navo» дар МИҲД шаҳри Бӯстон хабар доданд.

