СРОЧНО
Минтақа1 дақ. хондан

Тағйироти кадрӣ дар МИҲД шаҳри Бохтар

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз кадрҳои нави роҳбарикунандаро, ки ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таъин шудаанд, ба ҳузур пазируфт.

Источник: ©ИА «Navo»

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз кадрҳои нави роҳбарикунандаро, ки ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таъин шудаанд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Насруллозода Шаҳло ва Абдуалимзода Салим ба вазифаи муовинони раиси шаҳри Бохтар таъин гардиданд.

Зимни мулоқот, раиси вилояти Хатлон ба кадрҳои навтаъин таъкид намуданд, ки вазифаҳои хизматиро софдилона, бо масъулият ва садоқат ба арзишҳои миллӣ иҷро намуда, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳм гузоранд.

Тегҳо

Сарчашма: ©АИ «Navo»