СРОЧНО
Ҷомеа1 дақ. хондан

Раиси шаҳри Кӯлоб: Биёед, канали Тебалайро тоза нигоҳ дорем!

Бо дастури раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода ҳар ҳафта бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар шаҳр корҳои дастаҷамъонаи тозакорӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора ба АИ «Navo» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.

Источник: ©ИА «Navo»

Аз ҷумла, ба сокиноне, ки дар наздикии канали Тебалай зиндагӣ мекунанд, тавсия дода мешавад, ки тозагиро риоя намуда, ба канал партов напартоянд, инчунин ҳар ҳафта корҳои тозакорӣ гузаронида, гирду атрофи манзилҳои истиқоматии худ, кӯчаҳо ва майдонҳои шаҳрро тозаву озода нигоҳ доранд.

Тегҳо

Сарчашма: ©АИ «Navo»