СРОЧНО
Технология1 дақ. хондан

NVIDIA аз шарикони худ хост ҳамкорӣ бо муштариёни чинӣ дар бахши хизматрасониҳои абриро маҳдуд кунанд

Ширкати амрикоии NVIDIA, ки яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони микросхемаҳои компютерӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, аз шарикони худ дар соҳаи хизматрасониҳои абрӣ ва марказҳои коркарди маълумот (Data Center) талаб кардааст, ки ҳамкорӣ бо муштариёни чинӣ маҳдуд карда шавад.

Источник: ©ИА «Navo»

Тавре рӯзномаи Financial Times хабар медиҳад, ширкат аз шариконе, ки платформаҳои абрии онҳо аз микросхемаҳои истеҳсоли NVIDIA истифода мебаранд, талаб кардааст, ки на камтар аз 51 фоизи хизматрасониҳои худро ба ширкатҳои берун аз қаламрави Чин пешниҳод намоянд.

Ин маҳдудиятҳо танҳо ба шартномаҳои нави ҳамкорӣ дахл дошта, созишномаҳои қаблан басташударо фаро намегиранд.

Қаблан дар Конгресси ИМА масъалаи дастрасии ширкатҳои чинӣ ба микросхемаҳои пешрафтаи NVIDIA тавассути платформаҳои абрии кишварҳои дигар борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Мақомоти амрикоӣ нигаронанд, ки ширкатҳои чинӣ бо истифода аз марказҳои коркарди маълумот ва хизматрасониҳои абрии хориҷӣ метавонанд, сарфи назар аз маҳдудиятҳои содиротии ИМА, ба технологияҳои пешрафтаи ҳисоббарорӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Ин иқдом дар пасманзари шиддат гирифтани рақобати технологӣ миёни ИМА ва Чин ва талошҳои Вашингтон барои маҳдуд кардани дастрасии Пекин ба технологияҳои пешрафтаи нимноқилӣ амалӣ мегардад.

Сарчашма: ©АИ «Navo»