СРОЧНО
Ҷомеа1 дақ. хондан

Сафорати Британияи Кабир ба муносибати Рӯзи ёдбуд маросим баргузор намуд

Дар Сафорати Британияи Кабир дар Душанбе ба муносибати Рӯзи ёдбуд маросиме баргузор гардид, ки ба гиромидошти шуҷоат, далерӣ ва фидокории шахсоне, ки дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ хизмат кардаанд, инчунин ба ёди ҳамаи қурбониёни ҷангҳо ва низоъҳо бахшида шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти намояндагии дипломатӣ хабар медиҳад.

Источник: ©ИА «Navo»

Сафорати Британияи Кабир ба собиқадорони тоҷик барои иштирок дар ин маросим, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки ба ин анъанаи муҳим ҳамроҳ шуданд, изҳори сипос намуд.

«Мо якҷоя ба қурбониёни ҷанг арҷ мегузорем, аз зиндагон дастгирӣ мекунем ва нишон медиҳем, ки фидокории онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд», – гуфта мешавад дар хабар.

Сарчашма: ©АИ «Navo»