Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ – рамзи садоқат ба давлат ва миллат, эҳтиром ба қонун аст — Президент
Хизмат дар милитсия рамзи садоқат ба давлат ва миллат, эҳтиром ба қонун, ҳифзи сулҳу субот, қонун ва тартибот аст, изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бахшида ба Рӯзи милитсия. Қайд гардид, ки нерӯҳои милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили ҳаёти осоиштаи мардум мебошанд.
Сарвари давлат зикр кард, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва воҳидҳои махсуси ин ниҳоди муҳими давлатӣ вазифаҳои касбии худро софдилона иҷро карда, дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини сулҳу осоиштагии аҳолӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ саҳми таърихӣ гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи кормандон, афсарон, сарбозон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ барои хизмати содиқона ва шабонарӯзии онҳо, инчунин аз кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, ки саҳми назаррас дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҳамаҷониба ва ваҳдати пойдори миллӣ дар кишвар гузоштаанд, изҳори сипос кард.
Бо назардошти вазъияти ниҳоят мураккаб ва шиддатноки сиёсӣ ва амниятӣ дар ҷаҳони муосир ва оқибатҳои манфии он, таъкид гардид, ки бо таҳкими пояҳои давлатдорӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими суботи иҷтимоӣ, мо бояд кишварро аз таъсири манфии ин равандҳо ҳифз кунем.
«Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи амнияти кишвар, таъмини сулҳи пойдор ва ояндаи дурахшони давлату миллат вазифаи шарафмандона ва виҷдони ҳар яки онҳост», – қайд намуд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар анҷоми суханронии худ Сарвари давлат изҳори итминон кард, ки кормандон, сарбозон ва афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва касбият ҳамеша барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар омода хоҳанд буд.
Тегҳо
Инчунин хонед
Президент
Дар Душанбе Литсейи «Дурахшандагон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ гардид.
Президент
Президент Эмомалӣ Раҳмон Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайнро ба Тоҷикистон даъват кард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябр дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи «Раванди Ақаба» бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Президент
Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкории «Раванди Ақаба» ва «Раванди Душанбе» барои муқовимат ба таҳдидҳои рақамӣ даъват кард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкории «Раванди Ақаба» ва «Раванди Душанбе» барои муқовимат ба таҳдидҳои нави амниятӣ даъват кард. Дар ин бора Сарвари давлат 6 ноябр дар шаҳри Остона, зимни суханронӣ дар ҷаласаи «Раванди Ақаба», ки ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ бахшида шуда буд, изҳори назар намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Президент
Президент Тоқаев Президенти Тоҷикистонро бо мукофоти олии давлатии Қазоқистон сарфароз гардонид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар бо мукофоти олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Президент
Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 5–7 ноябр бо сафари расмӣ ба Қазоқистон меравад
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 5–7 ноябр бо сафари расмӣ ба Қазоқистон ташриф меорад, хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Президент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳои кишварро таъин намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуданд.

