Дар Душанбе Литсейи «Дурахшандагон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ гардид.
Тавре хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад, муассисаи давлатии литсеи Дурахшандагон дар шаҳри Душанбе дорои 28 синфхона, маҷлисгоҳ бо 160 курсӣ, китобхона, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, хобгоҳ, ҳуҷраи шоҳмот, ду толори варзишӣ барои мусобиқаҳои волейболу футболи хурд ва тамрини муҳорибаҳои тан ба тан мебошад. Муассисаи нави таълимӣ барои таҳсили 640 хонанда шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар синфхонаҳои фанҳои дақиқ, лингафонӣ ва зеҳни сунъӣ хонандагон метавонанд донишҳои муосирро аз бар намоянд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар соли 2026 бори нахуст дар литсей наврасон аз синфи 8 ба таҳсил фаро гирифта шуда, минбаъд қабули довталабон тариқи озмун ва супоридани имтиҳонҳои хаттӣ сурат мегирад.
Бинои хобгоҳи литсей дорои 69 ҳуҷра буда, барои 400 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он тибқи талабот барои зисти наврасон шароит фароҳам гардидааст.
Тегҳо
Инчунин хонед
Президент
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ – рамзи садоқат ба давлат ва миллат, эҳтиром ба қонун аст — Президент
Хизмат дар милитсия рамзи садоқат ба давлат ва миллат, эҳтиром ба қонун, ҳифзи сулҳу субот, қонун ва тартибот аст, изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими бахшида ба Рӯзи милитсия. Қайд гардид, ки нерӯҳои милитсияи содиқ ба қонун сипари боэътимоди ҷомеа ва кафили ҳаёти осоиштаи мардум мебошанд.
Президент
Президент Эмомалӣ Раҳмон Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайнро ба Тоҷикистон даъват кард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябр дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи «Раванди Ақаба» бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Президент
Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкории «Раванди Ақаба» ва «Раванди Душанбе» барои муқовимат ба таҳдидҳои рақамӣ даъват кард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тақвияти ҳамкории «Раванди Ақаба» ва «Раванди Душанбе» барои муқовимат ба таҳдидҳои нави амниятӣ даъват кард. Дар ин бора Сарвари давлат 6 ноябр дар шаҳри Остона, зимни суханронӣ дар ҷаласаи «Раванди Ақаба», ки ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ бахшида шуда буд, изҳори назар намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Президент
Президент Тоқаев Президенти Тоҷикистонро бо мукофоти олии давлатии Қазоқистон сарфароз гардонид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар бо мукофоти олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Президент
Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 5–7 ноябр бо сафари расмӣ ба Қазоқистон меравад
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 5–7 ноябр бо сафари расмӣ ба Қазоқистон ташриф меорад, хабар медиҳад департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Президент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони нави шаҳру ноҳияҳои кишварро таъин намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуданд.

