СРОЧНО
Минтақа1 дақ. хондан

Дар ноҳияи Мастчоҳ дар панҷ соли охир 801 иншоот бунёд гардид

Тибқи лоиҳаи тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, бо ҷалби 70 миллион евро сармояи хориҷӣ таҷдиди пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва инфрасохтори онҳо пешбинӣ шудааст. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани шароити обёрии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия мебошад.

Источник: ©ИА «Navo»

Тавре ба АИ «Navo» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия аз соли 2021 то имрӯз бунёд, таҷдид ва таъмири 735 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аммо то 1 августи соли 2026 шумораи иншооти сохтаву ба истифода додашуда ба 801 адад расид.

Ҳамин тариқ, нақша 109 фоиз иҷро гардида, нисбат ба нишондиҳандаи пешбинишуда 66 иншоот бештар бунёд шудааст.

Барои иҷрои ин корҳои созандагӣ дар маҷмӯъ 388 миллиону 499 ҳазор сомонӣ равона гардида, 1829 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Аз 801 иншоот 147 адад ба соҳаи маориф, 22 адад ба саноат, 15 адад ба тандурустӣ, 9 адад ба варзиш, 2 адад ба фарҳанг ва 1 адад ба соҳаи сайёҳӣ рост меояд. Ҳамчунин, 65 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 17 пул, 81 бинои истиқоматӣ ва 1 бинои маъмурӣ бунёд гардидааст. Шумораи иншооти дигар 373 ададро ташкил медиҳад.

Аз 801 иншооти сохташуда 730 адад аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд гардидааст, ки беш аз 91 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад.

Дар панҷ соли охир дар ноҳия 38 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,2 баробар афзоиш ёфтааст. Дар доираи корҳои созандагӣ ҳамчунин 22 иншооти саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия корхонаи бузурги ресандагии «Арвис – Зелел – Текстайл» (собиқ «Олимтекстайл») бо иқтидори коркарди то 5 ҳазор тонна нахи пахта бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Тегҳо

Сарчашма: ©АИ «Navo»